Пайравӣ ва ғамхориҳои ҷавонон аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

Баҳри дастгирии маюбон ва камбизоатон аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант  манзили истиқоматии шаҳрванд Қодирова Тоҷигул, истиқоматкунандаи кӯчаи ба номи Зебонисо хонаи 10 ҳуҷраи 9, ки маъюби бистарӣ мебошад, таъмири ҷорӣ гузаронида шуд.

 

Манзили истиқоматӣ аз ду ҳуҷра ва ошхона иборат буда, солҳои тулонӣ бе таъмир монда,   дару тирезаҳои хона фарсуда гашта буданд.

Аъзоёни маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»-и назди бахши кор  бо ҷавонон ва варзиш тасмим гирифтаанд, ки мунтазам барои дастгирӣ ва ёри расонидан дар таъмири манзилҳои истиқоматии нафарони маъюб ва оилаҳои камбизоат кӯмаки худро  расонанд;- иброз дошт мудири бахш Одинаев Ҷ.