Баргузории чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи Рӯдакӣ»

.

16 сентябри соли 2019   дар китобхонаи марказӣ ва бачагонаи шаҳр ҳафтаи «Рӯдакихонӣ» оғоз гардид. Дар толори хониши китобхона бо иштироки хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №14 ва №1-и шаҳр маҳфил гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ  хонандагон фаъолона иширок намуда, аз осор ва зиндагиномаи шоир шеърҳо қироат намуданд.