Оғози фаъолият дар маҳфилҳои муассисаи таҳсилоти иловагӣ
Муассисаи таҳсилоти иловагии назди бахши маорифи шаҳр рӯзи 16.09.2019 фаъолияти маҳфилҳои худро оғоз намуд. Дар ин асно муассиса намоишгоҳ ташкил намуд, ки корҳои дастии аъзоёни маҳфилҳоро дар бар мегирад. Маҳсули дастони аъзоёни маҳфилҳои «Бофандагӣ», «Чакандӯзӣ», «Дастони моҳир», «Шоҳмот» ва «Мусавварон» ба намоиш гузошта шуданд. Инчунин дастовардҳои муассиса дар давоми соли гузашта ба тариқи проектор намоиш дода шуд. Дар чорабинии мазкур намояндаи муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон Худойдодова Дилбар иштирок намуданд.