Тақдими китоб хайри ҷория ва омили баланд гардидани сатҳи донишу маърифати ҷомеа мебошад!

.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар доираи татбиқи амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба китобхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6- Ҷамоати деҳоти «Гулистон» беш аз 50-адад китобҳои бадеӣ туҳфа намуданд.

 Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова зимни супоридани китобҳо изҳор дошт, ки ин иқдом баҳри пурра сохтани китобхона бо китобҳои гуногунрангу гуногунзабони бадеӣ ва ба ин васила ба китобхонӣ ҷалб сохтани насли наврас амалӣ шудааст.