Падару модарон бо сипосномаи муассисаи таълимӣ қадрдонӣ карда шуданд

.

Рӯзи  14 – уми сентябри соли 2019  дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 маҷлиси умумии падару модарони муассисаи таълимӣ дори гардид, иттилоъ дод директори  муассиса Зулфов У.

 ӯ қайд намуд, ки дар маҷлис бори дигар муҳтавои  боби 2 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару  модар дар таълиму тарбияи фарзанд”,  вазифа ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд   баррасӣ гардид.

Оид ба шароити хуб фароҳам овардан ва воситаҳои зарурии таълим барои гирифтани донишҳои аввалия,  гирифтани пеши роҳи монеъшавӣ ба таҳсили фарзандон,  алалхусус духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот,  манъ намудани телефонҳои мобилӣ, шабона сайру гашт кардани ноболиғон дар марказҳои компютерӣ ва ҷойҳои дилхушӣ, пешгирӣ намудан ва паҳн кардани ахбороти ғайриахлоқӣ аз тарафи фарзанодон, истифодабарии  шабакаҳои интернетӣ ва воситаҳои электронӣ таъкид карда шуда, падару модарон вазифадор карда шуданд, ки оид ба масъалаҳои зикргардида  аз болои фарзандонашон   назорат намоянд.  

Дар охир тибқи  банди 4 нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, беҳтарин волидайне, ки барои фарзандонашон шароити хуб барои таълиму тарбияи фарзандонашон  муҳайё намудаанд  аз ҷумла: Исоева П. Амирова А. Қурбонова Р. Зарифова Ф. Турдиева Н. Абдуллоева Н ва Самиева З бо  “Сипоснома” – и директори  муассисаи таълимӣ  Зулфов У. қадрдонӣ  карда шуданд.