Ҷаласаи навбатии усули «Хона ба хона»
13 сентябри соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оила бо мақсади ҷонок намудани самти фаъолияти кории усули «Хона ба хона» бо роҳбарони ин гурӯҳ машварат доир карда шуд.
Дар машварат ҳисоботи роҳбарони гурӯҳ шунида шуда, аз ҷониби бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба роҳбарони гурӯҳ оид ба беҳтар намудани коргузорӣ ва фаъолияташон дар ин самт, гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ дар ҷои зисту кор оиди риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», пешгирии пӯшидани сару либоси бегона, гирифтани садди роҳи пошхӯрии оилаҳои ҷавонон тавсияҳо доданд.