Мо бояд фарзандони содиқи ватанро ба воя расонем

.

Дар деҳаи Вахши Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва намояндагони Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» бо сокинони ин деҳа вохӯрӣ доир гардид.

 Фароғат Назарова, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, Нуринисо Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумита, Ҳикматулло Султонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, Абдулҳаким Мастов, Абдуҷалол Исмонқулов ва аъзои Шӯрои мазкур зимни суҳбат бо мардум оид ба рафти корҳои ободониву созандагӣ дар деҳа, саҳми ҳар як сокини деҳа дар ҳашару корҳои дастаҷамъона, сафарбар гардидани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба зинаи сеюми таҳсил фаро гирифтани духтарон, ба ҳунармандию ҳунаромӯзӣ ҷалб сохтани занону духтарон сухан гуфтанд.

Аҳли деҳа аз он изҳори хушнудӣ намуданд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳа бунгоҳи тиббӣ кушода шуд ва соли оянда сохта ба истифода дода шудани муассисаи нави таълимӣ ба нақши гирифта шудааст, ки дар он аллакай 80 фисади корҳои сохтмонӣ ба итмом расидаанд.