Дар роҳи ободони созандагӣ роҳнамун сохтани аҳоли вазифаи аввалиндараҷаи мост!

.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии КДФ «Хоҷагии Манзилию Коммуналӣ» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир намуданд.

 Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант  Фароғат Назарова дар назди ҳозирин баромад намуда, оид ба тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар самти баланд бардоштани маъданияти шаҳрдорию шаҳрнишинӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.  

Ҳамзамон қайд гардид, ки  тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ яке аз ҳадафҳои олии ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд.

Муҳим он аст, ки ватандӯстӣ набояд дар сухан бошад. Ватандӯстие, ки танҳо дар забон асту ба амали муайян воқеият пайдо накардааст, намоишкори ва назарфиребист.