Ҳимояи Ватан қарзи фарзандии мо ҷавонон!

.

Бо ташабуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант ва бо иштироки муовини Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон муҳтарам Насриддинзода Рамазон рӯзи 17.09.2019  дар толори МТМУ №8-и деҳаи Эшонободи ҷ/д «Гулистон» ва деҳаи Истиқлоли ҷ/д «Ваҳдат»-и  шаҳр байни падару модарон ва ҷавонон, сӯҳбату вохӯри вобаста ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Точикистон баргузор карда шуд.

 Дар вохӯриҳои баргузоргадида 180 нафар падару модарон,  ҷавонон ва мӯзгорони муассисаҳои таълимии №№8 ва 12  иштирок варзиданд.

Мақсади баргузории чорабинӣ баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, бедор намудани  ҳувияти миллии ҷавонон, пос доштани арзишҳои миллӣ,  муқадасоти миллӣ ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.