Конференсия бахшида ба “Рӯзи Рӯдакӣ”
19 сентябри соли 2019 дар Китобхонаи марказӣ ва бачагонаи шаҳри Левакант бахшида ба ифтихори 1161 солагии устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №14 конференсияи илмӣ амалӣ таҳти унвони “ Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад” гузаронида шуд.
Дар конференсияи мазкур намояндаи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Назарова Ф., мудири бахши фарҳанг Исмоилзода М., мутахассиси рушди дарёфт ва истеъдодҳои назди бахши маорифи шаҳри Левакант Эшова Б., мутахасиси пешбари бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Левакант Раҳмонзода С. ва омӯзгори мактаби миёнаи умумии №14 Носирова С. иштирок намуданд.
Иштирокдорони ин маҳфил аз ҳаёту фаъолияти сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сухан гуфта, осори адабии ӯро бо забонҳои тоҷикию руссӣ қироат намуда, аз рӯзгори ин мутафаккири бузург саҳначаҳо намоиш доданд.
Итирокчиён дар ҷамъбаст изҳор доштанд, ки чунин маҳфилҳо дар шинохти асарҳои мондагори чунин мутафаккирон, рӯ овардани ҷавонону наврасон ба фарҳанги тоҷикӣ, дар руҳияи эҳтиром ба фарзандони фарзонаи миллат тарбия намудани онҳо ва дар дили онҳо бедор кардани шавқи адабиётдӯстию шеърнависӣ нақши муҳим дорад.