Оғози китобхонаи нав

.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Шомуродзода Сайдазам барои сохтмони китобхонаи назди муассисаи таълимии №13-и Ҷамоати деҳоти «Гулистон» як миқдор маҳсулоти сохтмонӣ оварда, дар оғози сохтмони бинои мазкур саҳм гузошт.

 

Гулистон Қувватова, директори муассисаи таълимии №13 зимни суҳбат изҳор дошт, ки Шомуродзода Сайдазам аз шахсони саховатпешаест, ки дасти кӯмаку ёриаш ҳамеша дар корҳои ободониву созандагии на танҳо муассисаи мазкур, балки ободонии деҳаву ҳалли мушкилоти ҳамдеҳагон мерасад.

Изҳори умед карда шуд, ки сохтмони китобхона дар тарбияи маънавию фарҳангии мардуми деҳа, ба китобхонӣ ҷалб сохтани насли наврас, пешгирии онҳо аз беҳудагардӣ ва машғул шудан ба ҳар гуна амалҳои ношоиста нақши муҳим хоҳад гузошт.