СОЛГАРДИ ПАЙМОНИ МИЛЛӢ Ё ҶАНОЗАИ ТТЭ ХНИ

.

Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ намоиши ба саҳнаи мазҳакавӣ монанди солгарди таъсисёбии «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро (аслан бояд паймони хоинони Тоҷикистон бошад) мушоҳида карда, ба ҳунари суханбозию  саҳнаофарии таъсисдиҳандагони он офарин хондам.

 

Воқеан бо наздики панҷоҳ нафар одамони синну соли гуногун ҷашн гирифтани ин иди барои ташкилкунандагони он хеле муҳим, истифода аз суруди миллӣ ва байрақи Тоҷикистон ва муаррифии меҳмонон аз наздики даҳ давлати рӯйи олам кори осон нест. Дар ҳунари наворбардор низ ҳарфе нест. Аз ин шумораи ками одамон тавонистааст «ҳамоиши сатҳи олӣ» бисозад. Лекин каме диққат додан басанда аст, то бубинем, ки киҳоянд он нафарони он ҷо ҳузурдошта.

Устокорона пушти калонсолон пинҳон сохтани наврасоне, ки ҳатто мумкин аст намефаҳманд, ки ҷамъомад барои чист? Ҳамчунин иштирок доштани занони сиёҳпӯшу сатрпӯш ва чанд нафар мардони (меҳмонони) бо чеҳраҳои бефарқу бепарво нишаста низ аҷиб буд. Вале ин ҳама муҳим нест, чаро ки ин қабил афрод барои ноил шудан ба мақсадҳои касифи худ саҳнаҳои аз ин ҳам аҷоибу ғароибро роҳандозӣ менамоянд. Муҳим он ҳам нест, ки муовини ин паймони дурӯғин Алим Шерзамонов чанд моҳ қабл суҳбати рӯ дар рӯ ороставу аз мақсадҳои таъсис ёфтани паймон ҳарф зада, мо на аз нигоҳи хусумати шахсӣ ба касе ба сиёсат ворид шудаем, мегуфту акнун барандаи «ҷашн» «тифлаки яксолаи худро» ҳамчун «шиканандаи режими зулму истибдод дар Тоҷикистон» ё «зулмшикан» ном мебарад. Оре, ҳеҷ кадом муҳим нестанд!

Аниқтар ин суханон ҳеҷ таъсире рӯйи мардуми сарбаланди тоҷик надоранд. Зеро аслан аз он «зулм»-у «беҳокимиятӣ»-ю «беҳуқуқӣ»-е, ки ин шайтонсиратон мехоҳанд ба ҷомеаи Тоҷикистон нисбат бидиҳанд нишоне нест. Имрӯз на танҳо мардуми тоҷик, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле хуб дарк мекунанд, ки ин ҳама бозиҳои сиёсӣ беш нестанд. Ҳамин баргузор шудани ҷашни яксолаашон дар доираи ин миқдор занон ва наврасон, ки танҳо ба ҳайси бозигарон ширкат доштанд кофист, то эҳсос кунем, ки ин ҷо на яксолагии паймон ҷашн гирифта шуд, балки бештар ба ҷанозаи ҳизби назҳати ислом монанд буд. Шояд ҳавову фазои бештар ба ҷаноза монанд ва чеҳраҳои на он қадар шоди ҳаммаслаконашро Алим Шерзамонов низ мушоҳида карда, танҳогии худу ҳамсафонашро сахт эҳсос кард, ки дар фуроварди суханронии пур аз сафсатаву дурӯғи худ ба аъзои паймонашон пешниҳод намуд, то кӯшиш намоянд аз ҳисоби муҳоҷирони тоҷик ва фарзандони худашон сафҳояшонро  зиёд созанд.

Ин суханон дарак аз он медиҳад, ки ин ҷо номи паймони миллӣ на, балки аҳди Кабириву, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев, Темур Варқа ва боз чанд нафар хоинонанд, ки бояд бо сиёҳ кардани ватану ҳамватанони худ рӯз гузаронанд.

Ватанзода Сайҷафар, раиси

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант