ШӮРОИ ДУХТАРОН ВА ЗАНОНИ НАЗДИ БАХШИ МАОРИФ

.

 Эшова Боғигул – роҳбари Шӯрои духтарон ва занони назди бахши маорифи шаҳр дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр, иброз намуд, ки рӯзи 19 сентябри соли 2019 дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди бахши маориф  Шӯрои  духтарон ва занони бахши маориф доир гардид.  Қайд намуд, ки дар Шӯро  се масъала мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

  Ташкили Шӯрои духтарон ва занон дар муассисаҳои таълимии шаҳр дар соли таҳсили 2019 – 2020.

 

а) Интихоби Раиси Шӯрои духтарон дар муассисаҳои таълимӣ, котиб ва аъзоёни он.

б) Тасдиқи нақшаҳои Шӯрои духтарон ва занони муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2019 – 2020

 

  • Рафти иҷрои дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 11. 2018, №08/4319 ва аз китоби тавсиявӣ барои сару либоси ягонаи духтарон ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ.

 

 

  • Фарогирии духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр.

 

 Дар Шӯрои духтарон ва занони бахши маориф Набиева Фирӯза сармутахассиси бахши кор бо занони назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони Шӯрои духтарон ва занони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок доштанд.