БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА “РӮЗИ РӮДАКӢ”
Давоми ҳафтаи сипаригашта дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр чорабиниҳои тарбиявӣ бахшида ба “РӯЗИ РӯДАКӣ” гузаронида шуд.
Директори муассисаи таҳсилоти иловагии назди бахши маорифи шаҳр Гулакова Марзия иттилоъ дод, ки тибқи нақша – чорабиниҳои муассисаи таҳсилоти иловагии назди бахши маорифи шаҳри Левакант ба рӯз 21.09.2019 дар муассисаи таҳсилоти умумии №14 бахшида ба Рӯзи Рӯдакихонӣ гузаронида шуд. Ҳадаф аз гузаронидани чорабинӣ баланд бардоштани тарбияи ахлоқӣ, меҳанпарастӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва бедор намудани шавқу рағбати аъзоёни зинаҳои Созмони хонандагон ба китобхонӣ мебошад.
Дар чорабинӣ роҳбарони Созмони хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.
Инчунин фаъолияти роҳбари Созмони хонандагони муассисаи таълимии №14 Носирова Сарварбӣ ҳамчун таҷрибаи пешқадам омӯхта мешавад.
Инчунин дар литсейи давлатии №2 низ таҳти унвони «Наҳате аз ҷӯи мулиён» бахшида ба 1161 солагии Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Конференсия баргузор гардид. Дар баробари қироати шеърҳо, қасидасароӣ ва саҳначаҳо намоиши иншоҳо, маърӯзаҳо доир гардид, иттилоъ дод директории Литсейи давлатии №2 Ниматуллоева Бахтинисо.