Баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбии фарзанд.

.

Имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр маҷлисҳои умумимактабии падару модарон доир гашта истодааст.  Читавре, ки директорони литсейҳои №№1,2 ва муассисаҳои таҳсилоти умумии №№2,3,14 ва дигарон иттилоъ доданд  аз 11 уми август инҷониб дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр маҷлисҳои падару модарон  оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуда,  вазифа ва уҳдадориҳои падару модарон, омӯзгорон ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд бори дигар баррасӣ гардид.

 

Таъкид шуд, ки  ба  масъалаи таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ дода, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ,  ватанпарастӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, бафарҳанг тарбия бояд намуд.