Боз сохтакорӣ… (Андешаҳо бобати нишасти САҲА)
Чи гуфтанро намедонам. Наметавонам он эҳсосе, ки маро фаро гирифтааст баён намоям. Шумоҳо ва ҳам мо хуб медонем, ки аз худ ашхоси ватандӯстореро тарошиданиед. Вале то ба кай сохтакорӣ. Беҳуда худро ранҷ надиҳед, ҳарчанд ки ба ивазаш ба маънои расташ ганҷ - пул гирифта истодаед. Сохтакорӣ умри кӯтоҳ дорад. Нияти ободии ватанро, ки надоред нақшҳоятонро ҷо-ҷое хуб бозӣ карда наметавонед. Ва мақсади аслии шумо низ дар ҳамон лаҳзаҳо зоҳир мегардад. Шояд суол гузоред, ки пас чист мақсади мо? Мақсадатон ҳар чи набошад наку нест. Ҷонибдори пешравии давлат нестед! Дустдори ин сарзамин ва милати тоҷикистон нестед.
Аслан фаъолияти шуморо пайгирӣ намекардам. Чароки кӣ буданатон рӯз барин рушан аст. Веле ба ҷои тамошои саҳнаи мазҳакавӣ як саҳначаи ҳаҷвии шуморо тамошо кардам, ки якбора асабамро хурд кард. Ба ҳар сурат чизҳоеро кашф кардам, ки бигзор дигарон низ донанд.
Дар ин мазҳака дар бораи Конференсияи САҲА нақл мекардед. Нақшҳоятон ҳам чун ҳамешагӣ "дустдорони ватан" буд. Номатонро фаромӯш кардам вале ҳайфи шумои "дустдорон"- и ватану миллат. Дар ҳамон ҳолате, ки якеатон лаҳзае аз конфронсро бо шавқ нақл мекардед, ки буданатонро собит кардед. Мазмунан мегуфтӣ, ки ҳангоми суҳбат бо ким кадом нафари дигар намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мулло Абдураҳим аз шаҳри Кулоб кӯшиши наздик шудан бо шуморо кард. Ба ӯ чи гуфтед? Ба гуфтатон гуфтед, ки ин ҷо масъалаи...( Нофаҳмиҳоро бо ҳамсоякишвар-Қирғизистон ва кушта шудани афсарони тоҷикро дар назар дошт) дар миён аст боз гиря накунӣ..!
Эй хок бар сарат!!! Агар ту дар воқеъ дустдори ватану миллат мебудӣ ғам аз гулуят медошт...раҳоят намекард ва намегузошт, ки аз он рӯзи сиёҳ ва дар бораи ҷонфидою қаҳрамони ватан, ки ҷони худро барои ҳифзи хоки ватан ва ҳимояи ҳамватанонаш фидо кард, бо хандаю мазоқ ҳарф занӣ!!! Ана ту кистӣ!!
Далери Қурбон, донишҷӯ