То ба кай иғвоангезӣ?

.

«Муҳтарам» Темур Варқа ва Муҳиддин Кабирӣ, пеш аз  суханони носазоро гуфтан  шумо фикр накардед, ки худи шумо чанд сол аст, ки дар ин «вазифаҳои пурмасъулият»- мухолифини ашадии миллати тоҷик ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастед, оё шумо бӯ нагирифтаед, оё шумо дар вазифаи ишғолкардаатон ҳамчун либосе, ки шумо гуфтед, фарсӯда нашудед. Шумо бо «Паёми милллии Тоҷикистон» ташкил кардаатон дар либоси навед, не шумо ҳамон шахсоне ҳастед, ки ба миллату давлат хиёнат карда будед. Мақсаду мароми ҲНИ, «Анҷумани озодандешони тоҷик» ва «Паёми миллии Тоҷикистон» ба миллат ва Ватан аён аст. Шумо агар сад ном тағйир кунед ҳам, ҳамон хоинони Ватан ҳастед.

 

Ҳар як шаҳрванди кишвар ва ҳар як фарди миллатдӯсту бедордили тоҷик, ки дар қалби хеш фақат як орзу мепарварид: ин сулҳу салоҳ буд ва имрӯз миллат пайваста дар фазои осоишта, ваҳдату ҳамдилӣ умр ба сар бурда истодаанд, намегузоранд, ки амалҳои нопоки шумо ҷомаи амал пӯшад, тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланду ваҳдатпарвари азалии мардуми мо намепгузорад, ки номи Ватан ва номи Президент аз ҷониби як гурӯҳ носипосон паст карда шавад. Зеро мардуми тоҷик, имрӯз зарурати ваҳдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии давлати миллиро беш аз пеш дарк намудаанд.

Миллат ҳеҷ гоҳ гуноҳи шуморо намебахшад, дасту бадани шумо бо хун олудааст. Шумо ғайр аз иғвоангезӣ, туҳмату ҷангҷӯӣ дигар коре надоред, на хонаву дар дореду на ватан. Ватан аз шумо барин «фарзандон»-и бенангу беномусу ватанфурӯши дилсиёҳу рӯсиёҳу иғвоангез безор аст.

Шумо дар ғарибӣ дар ёди ватан, дар ёди зану фарзанд, ёру дӯст бо ғаму ғуссаҳои зиёде овораю сарсон мегардед, ба доди дили шумо ҳеҷ давлату миллат намерасад. Шуморо оҳи дили модарони писаргумкадаи тоҷик гирифтааст, шуморо нону намаки Тоҷикистон кӯр кардааст, ватан аз чунин фарзандони нохалафи дастони пурхуну пургуноҳ безор аст. Гуноҳи шуморо миллат ва Ватан намебахшад. Барои шумо фарзанди миллат ва фарзани ватан ва ватани аҷдодӣ ҳеҷ қадру қимате надорад.

Шумо барои миллат ва ватан  чӣ кор кардед, ки миллату давлат ёдатон кунад. Шумо барои миллату Ватан як лилаки шашум ҳастед, ки аз будани он шарм медоранд.

«Муҳтарам» Темур Варқа, ту ба кадом забон ба ҳаммаслаконат гуфтӣ, ки :- «Не назавите  Эмомалӣ  Раҳмона Президентом».

Агар Эмомалӣ Раҳмон дар назди шумо Президент набошад, дар назди зиёда аз 9 миллион аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент аст.

Ба ёд гиред, Эмомалӣ Раҳмон фарзанди содиқи миллат аст, фарзанди фарзонаи миллат аст. Наинки вай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, балки вай Асосгузори сулҳ аст, Асосгузори Ваҳдати миллӣ аст, вай Пешвои миллат аст. Номи вай дар саҳфаҳои таърих бо хати заррин сабт шудааст, номи ӯ дар дилу дидаи миллат ҷой гирифтааст. Ҳатто дар забони кӯдакон калима ва ибораҳои Президени ман, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, Бобои мо, Падари миллат, Ҳомии мо бо хушнудӣ садо медиҳанд.

Ии боғу бӯстон, ин гулу гулзори шаҳру ноҳияҳо, ки ба шаҳр ҳусну зеб мебахшанд ва бӯйи муаттаре паҳн менамояд, ин бӯйи Президент аст, ин рӯшноие, ки хонаҳоро равшан мекунад, ин нури вай аст, ин хонаҳои бисёрошёнае, ки ба ҳусни шаҳр ҳусн мебахшад, ин симои вай аст.

Эмомалӣ Раҳмон- Пешвои миллат ҳаст ва Пешои миллат мемонад!

Халқи тоҷик бо чунин  Пешвои худ ҳазорсолаҳо ифтихор мекунад!

 

                                                           Бердӣ Валиев,

                                                        собиқадори меҳнат