Дар тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зист, саҳмгузорем!
Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидои ҳизбии «Шифо» аз боби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулин зимни суҳбат бо аҳолӣ иброз намуд, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, воқеан ҳамчун равшаннамоест, ки ҳар як сокини кишварро ба меҳнати содиқона ва ба нерӯйи бузургу арзандаву ободкорона раҳнамун месозад.
Қайд намуданд, ки агар ба ҳар як кор камари ҳиммат баста, аз як гиребон сар барорем ва дар пешрафти Ватан саҳм гузорем, вазифаи фарзандии худро дар назди ватану давлат адо менамоем.
Ҳамзамон сафарбар кардани сокинон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, истифодаи босамар, сарфаву сариштакории нерӯи барқ дар байни аҳолӣ ва ғайра бо истифода аз мисолҳои ҳаётӣ тавсияҳои асосноку муфид доданд, ки ба иштирокчиён руҳияи баланди маънавӣ бахшид.
Дар ин рӯз инчунин дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ҷониби сокинон ба тозаю озода намудани гирду атрофи бино аз алафҳои бегона, тоза намудани ҷӯйборҳои обгузар машғул гардиданд.