Муваффақиятҳои варзишгардухтарони шаҳри Левакант дар мусобиқаи вилоятӣ барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот»

.

Варзишгарони шаҳри Левакант дар мусобиқаи вилоятӣ аз рӯи намуди  шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот» дар шаҳри Кӯлоб  иштирок намуданд.

Дар мусобиқаи мазкур ҷои аввал байни ҷавонони то 30 сола Солиев Шуҳрат истиқоматкунандаи деҳаи Баҳодурон, ҷои дуюм байни наврасони то 14 сола  Мусозода Илҳом хонандаи синфи 8-и МТМУ №14-и шаҳр ва ҷои сеюм байни ҷавонони то 30 сола Ғоибов Абутолиб хонандаи литсеи давлатии №1-и шаҳри Левакант созовор гардиданд.