Кумак ба ниёзмандон
Сана 24.09.2019 баҳри иҷрои дастуру супоришҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мауҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шахси сахаватпеша ба сокини деҳаи Хуррамдеҳи ҷамоати деҳоти «Гулистон» Аюбова Ҷамила, ки соҳиби 4 фарзанд, ду нафараш иллати камақлии модарзодӣ доранд, кӯмак барои сохтмони манзили истиқоматиаш расонида шуд. Кӯмаки расонидашуда аз масолеҳи сохтмонӣ 45-адад шифери азбесӣ, 17 адад тахтаи шаш метраи қутраш 0,040см, 60мт рейка ва 7кг мех ташкил медиҳад.
Дар асоси дастуру супориши раиси шаҳр масолеҳи сохтмонии мазкурро дар болои хонаи шаҳрванди мазкур масъулини х\д «Бустон» бо тариқи ҳашар васфу насб менамоянд. Маблағи кӯмаки расонидашуда 4350сомониро дар бар мегирад.