Пайравони «Паймони шайтонӣ» дар САҲА.

.

Замони муосир бо паҳлуҳои мураккаб, равандҳои истеъмолгарона, ки хоси кишварҳои абарқудрат мебошанд, баъзе аз мамолики Шарқи наздик, араб ва Осиёро ба гирдоби фалокатҳои тасаввурнопазир  мувоҷеҳ сохт. Вазъи бе ин ҳам печидаи муташанниҷи ҷаҳонӣ имрӯз  бо  оташафрӯзии ҷангҳои динию мазҳабӣ печидатар гардид. Солҳои охир дар фазои сиёсии сайёра гурӯҳҳои ифротие рӯи саҳна омада истодаанд, ки бо амалҳои зишт ва террору куштори худ ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардаанд ва ба амнияти қариб тамоми мамлакатҳои рӯи дунё хатари ҷаҳонӣ таҳдид намуда истодаанд.

 

Дар мамлакати мо низ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа  таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву нерӯҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, ватанамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва мухолифати мусаллаҳона кашида, то ҳоли ҳозир ба сулҳи пойдору ваҳдати ягона монеа эҷод намуда истодаанд.

Боиси тазаккур аст, ки баъзе ҷавонони мо низ бо роҳҳои гуногун ба ин гурӯҳҳои ифротӣ  ҳамроҳ шуда, ҷони худро дар хатар мегузоранд ва ба куштору ғорат ва дигар кирдорҳои носавоб даст  мезананд.

Имрӯз ҳар як фарди худогоҳи кишвари мо, алалхусус ҷавононро  зарур аст, ки саъю кӯшиши хешро дар роҳи хотима гузоштан ба ин муноқишаҳои фоҷиабор, марги одамони бегуноҳ равона намоянд. 

Бадбахтона, ҳамаи ин бозиҳо аз ҷониби кишварҳои манфиатдор бо дасти гурӯҳу созмонҳои ифротии экстремистӣ- террористӣ амали карда мешаванд, ки зери парчаму шиорҳои алоқаманд бо дини мубини Ислом фаъолият доранд. Мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем, ки моро ба майдони ҷангу ҷидолу хунрезӣ кадом қувваҳо кашида буданд. Ҳамин қувваҳо боз талош ба харҷ дода истодаанд, ки офтоби сулҳу ваҳдати моро боз зери абрҳои сиёҳ ниҳон созанд.

Ҳамин гурӯҳҳо имрӯз дар хориҷ аз кишвар бо иваз намудани ном ва самти ҳаракати худ  ва бо фармонбардорӣ аз хоҷагони хориҷиашон дар созмонҳои ҳуқуқи башар бахусус САҲА иштирок намуда, мехоҳанд дубора  боварии мардумро ба даст оранд. Лек фаромӯш намудаанд, ки боре мардум ба онҳо бовар карда буд ва  боварии мардумро истифода карда мардумро ба чи рӯз оварда расониданд. Алакай мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол аз макру ҳиллаҳои наҳзатиён хуб огаҳӣ доранд, дубора ба ин фурӯхташудаҳои наҳзат бовар намекунанд. 

Имрӯз дар САҲА гурӯҳе аз хоинони миллати тоҷик  иштирок намуда, аз ҳуқуқ ва озодиҳои мардум сухан мегуянд. Нафароне ин суханхоро гуфтаистодаанд, ки замоне чунон ҳуқуқҳои инсонро поймол намудаанд, ки амали ғайриинсониашон ҳудуд надорад. Ҳамин амалҳои ноҷояшон буд, ки имрӯз  пушти дари хоҷагони хориҷиашон дар Аврупо ва дигар кишварҳои хориҷ зииндагӣ доранд. Чанде пеш гурӯҳе аз аъзоёни ПАЙМОНИ ШАЙТОНӢ дар аврупо  1- солагии ташкилёбии ин ҳаракати ШАЙТОНИРО таҷлил намуданд. Аз баромадҳояшон дар ин ҷаласаи шайтонӣ дубора ошкор гардид, ки ин нохалафон заррае барои ватан хизмат намекунанд, мақсадашон ба даст овардани ҳокимият ба таври зӯрӣ  ва қатлу куштор мебошад, монанд ба Иблисе, ки аз гунаҳ сухан мегӯяд.