«Бозии сиёсӣ ё худ сиёсати руякӣ»

.

Пас аз ошкор шудани Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳамчун ҳизби террористию эктремистӣ роҳбарияти ин ҳизб  ба хориҷ аз кишвар фирор намуда, дар кишварҳои аврупоӣ бо қавли хеш ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ ҳаракатҳои худро идома дода истодааст. Пас аз номуваффақиятҳои зиёдашон дар роҳи ташкил намудани ким кадом иттиҳоди неруҳои созанда эълон намуданд, ки эъломия қабул карда, Паймони миллӣ  ташкил намоянд.

 

Агар ба таъсисдиҳандагону аъзои  ин паймон назар кунем, ин паймони миллӣ на,  балки паймони гуруҳе аз аъзоёни ТЭТ ҲНИ мебошад, ки мақсаду ҳадафи аслиашон чун пештара, ки ташкилоти террористии наҳзати ислом дошт, ҳамон мебошад.   Мардуми тоҷик, ки чеҳраи аслии онҳоро солҳои тулонӣ мешавад, ки медонанд аз ин сабаб онҳо бо иваз намудани номашон мехоҳанд кирдорҳои худро аз хаёли миллати тоҷик берун намоянд, дубора байни ҷомеа мавқеъ пайдо намоянд. Инчунин мақсади дигарашон бошад, иҷрои супоришҳои хоҷагонашон  ва бо ин роҳ ба даст овардани маблағҳои зиёд мебошад. Ба ҳар як нафари оддӣ маълум аст, ки дар кишварҳои хориҷӣ зистану зиндагонӣ кардан чӣ қадар маблағ лозим аст, ки ин ватанфурӯшон ба ҳама маълум аст, ки на дар ягонҷо кор мекунанду на ҷойи даромади пулӣ доранд, аммо муддатҳои зиёд мешавад, ки дар аврупо истода, неш ба халқи тоҷик зада истодаанд. 

Бояд қайд кард, ки ташкилкунандагони ин паймон зиёд нестанд, лекин ҳадафи нопоку иғвогарона доранд. Аслан ин гурӯҳ гурӯҳаки хурде мебошад, ки мехоҳанд бо ҳар гуна роҳ оромиву суботи Тоҷикистонро халалдор намоянд.

Имрӯз тааҷҷубовар он аст, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ба намояндагони ин паймон, ки роҳбарият ва аъзои ҳизби террористию экстремистӣ мебошанд,  имконият фароҳам овардааст, ки дар ин ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намоянд. Ин амалро метавон бозии сиёсӣ ва сиёсати руякӣ номид, ки хело хатарнок аст.

Дастгирии созмонҳову ташкилоти террористӣ аз ҷониби масъулини САҲА паёмади баде дорад, инро бояд масъулини ин созмони байналмилалӣ хуб дарк намоянд. Агар мақсади ташкили чунин ҷаласаҳои САҲА барои дастгирӣ ва ҷонибдорӣ аз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бошад, пас бояд возеҳ инро бояд баён намояд. Мушоҳидаҳо низ нишон доданд, ки баъзе аз кишварҳои дигари узви  ин созмон,  аз ҷумла Россия, Туркия ва Озорбойҷон  барои   риоя накардани беъзе қоидаҳои ҷаласа эътирозҳо кардаанд.

Ҳизб ё гурӯҳе, ки бо маблағи хоҷагони хориҷӣ амал карда, паймону иттиҳод ташкил менамоянд, дар худ мақсаду мароми нек дошта наметавонад. Аз ташкили паймон то ба имрӯз муддате гузаштааст, аммо то ба имрӯз аз ҷониби онҳо ягон ҳаракат ва кори хубе нашудааст. Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷкистон зиёда аз 90 ноболиғ ва ятимони бепарастор мондаи тоҷик дар кишварҳои исломӣ баргардонида шуд, ки аз ҷониби ҳама созмон ва ташкилотҳо баҳои баланд гирифт, аммо ин мухолифин ба ин кори хайри Тоҷикистон вокуниши мусбате нишон надод, ки худро паймони миллӣ ном мебаранд. Инчунин иштироки намояндагони ин паймон дар ҷаласаи САҲА бармеояд, ки пушти инҳо кадом хоҷаи хориҷие меистад, ки барояшон дар чунин ҷаласаҳо шароит фароҳам меоварад.

Номбурдагон аз ташкили паймон ва иштирок дар ҷаласаи САҲА  ва дар суханрони аз номи дини мубини ислом истифода  карда, бо эҳсоси мардум бозӣ мекунанд. Лек фаромӯш кардаанд, ки алакай миллати тоҷик ва мардуми тоҷикистонӣ инро медонанд. Ислом барои онҳо парчам аст, ки аз он сӯиистифода мекунанд. Аммо ғояи онҳо экстремистӣ аст. Ташкили паймон ҳам маҳз пинҳон кардани ҳамин амали ифротӣ аст.