Ватандори ҳақиқӣ кист?

.

Рафти нишасти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва сухангӯии як гурӯҳ афроди ба хотири ҷоҳу мансаб ватану виҷдону имон фурӯхтаро мушоҳида карда, нисбати чунин «ватандорон»-у «демократияхоҳон» нафратам афзуд.

 

Аз қабл ҳам медонистам, ки ин гурӯҳ барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ майдатарин имкониятро истифода мебаранд ва ҳеҷ гоҳ, ба ҳеҷ ваҷҳ гузашт намекунанд. Онҳоро на ояндаи халқу миллат ба ташвиш меорад на тақдири имрӯзу фардои кишвар. Ба ин гурӯҳ аслан онҳое шомиланд, ки пушти пардаи аҳзоби сиёсии дурӯғин ҳамчун «сиёсатмадор» ба майдон омада, даъвои ватандорӣ мекунанд.

Зимни баргузории ин нишасти бонуфуз низ аъзои ин гурӯҳ ҳолу ҳавои аҷибе доштанд. Аз наворҳо гоҳе писханд задану ишораҳо кардан ба ҳамдигар ва гоҳе қарсакҳои баланд задани онҳо шармовар буд. Чун пештара бархе озодии «зиндониёни сиёсӣ»-ро талаб доштанду қисме иддао доранд, ки аксарияти мардуми тоҷик дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва гӯё боиси ин ҳама набудани демократия дар Тоҷикистон будааст.

Аввал ин, ки ин нафарони мехостаи онҳо, ки худашон «зиндониёни сиёсӣ» унвонашон кардаанд, собиқ вазири саноат ва энергетика Зайд Саидов, собиқ вакили дифоъ, Бузургмеҳр Ёров  ва собиқ муовини раиси Ҳизби наҳзат Муҳаммадалӣ  Ҳайитов мебошанд. Ёдовар мешавем, ки ин се нафаре, ки айни ҳол аъзои ин ташкилоти бо ҷомаи наву ботини манфур ба майдон омада, «зиндониёни сиёсӣ» номашон мебаранд, бо ҳар гуна ҷиноятҳои содиркардаашон паси панҷараҳои зиндон рафтаанд. Гузашта аз он яке аз онҳо барои содир кардани амалҳои ғайриахлоқӣ, ки ба шаъни ҳеҷ як мусулмон намезебад  ва  гуноҳи азим ҳисоб мешавад, зиндонӣ шудааст.

Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбате бо оҳанги тантанавор ҳарф мезаду мегуфт: Агар замоне расаду бо ғолибият ва Тоҷикистон баргардам (яъне ҳукмрониро ба даст оварам) аввалин коре, ки мекунам ба унвони “қаҳрамон” мушарраф сохтани онҳост. Ва мегуфт, ки қаҳрамонҳои асосӣ инҳоянд. Ин суханон мақоли наълкунии қурбоққаро ба хотир меорад. Хайр орзу кардан айб нест-ку?

Ҷолиб суҳбати Шарофиддин Гадоев дар шабакаҳои интернетӣ ва ҷавоби ӯ ба саволи оё мехоҳад президенти Тоҷикистон бошад? Ва ҷавоби ӯ чаро не? Буд, ки ҳар бинандаеро ба хандидан водор мекард. Гадоев бо қатияти том мегуфт: Агар лозим шавад чанд соли ҳаётамро ба хизмати халқ мебахшам, вале аз чор сол зиёд президент намешавам. Афсус касе набуд, ки саволаш кунад, ки туро кӣ президент интихоб мекунад ва барои кадом хизматҳоят? Барои ватанфурӯши, барои чоплусӣ, барои хизматгори хориҷиён шуданат ё барои саҳнаҳои хуб бозиданат? Вале боз ҳам мегӯем орзу айб нест!

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудани мардуми Тоҷикистон раванди ба муҳоҷирати меҳнати рафтани онҳоро бештар гардонид. Ин раванд дар тамоми давлатҳои рӯйи дунё роиҷ аст. Аммо магар ин маънои набудани демократия дар давлатро дорад? Аҷоиб хулосае. Агар ин тавр аст, пас демократия дар худи Аврупо, ки аз он ҷо истода ба худ пуштупаноҳ ва спонсор мекобед, мавҷуд нест. Акнун метавонем барои худ иммиҷи дигар ёбед. Дигар аз ин баҳонаҳо ба монанди костагии дину имон, набудани демократияву озодӣ ва ин қабил истифода накунед, инҳо аллакай “кӯҳна” шудаанд. Бо ин суханон касеро ба худ ҷалб карда наметавонед. Ин ҷо суолест барои ҳама ВАТАНДОРИ ҲАҚИҚӣ КИСТ? Онҳое, ки аз берун ба иғвогарӣ машғуланд ё онҳое, ки Ватанро обод месозанд?

 

Ҷумахон Одинаев, мудири бахши

кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Левакант