«60- рӯзи» меҳнати зарбдор» дар шаҳри Левакант

.

Дар асоси хабари телефонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 26.09.2019, №7/282 дар доираи эълон гардидани «60- рӯзи  меҳнати зарбдор» рӯзи 28 сентябри соли ҷорӣ 180 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр аз кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Боҳтуробод» ба миқдори 3,6 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд.

 То 28.09.2019 пахтакорони шаҳр ба миқдори 1996 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуданд, ки 86,4 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Хоҷагидорони шаҳр ният доранд, ки аз ҳар рӯзи офтобӣ самаранок истифода бурда, то охири кураки дар саҳро бударо беталаф ҷамъоварӣ намоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки соли ҷорӣ 37 адад хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр дар майдони 1010 га кишти пумбадона гузарониданд.

Аллакай аз 37 хоҷагиҳои пахтакори шаҳр 12 хоҷагӣ аз иҷрои дурнамои истеҳсоли пахтасупорӣ баромада аз 100 то 111 фоиз дурнаморо таъмин намуда, ҳосилнокиро аз ҳар як гектар замин ба ҳисоби миёна ба 24-25 сентнерӣ расониданд.