Маҷлиси Вакилон

.

30- сентябр дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Абдулмуминзода А.,муовини якуми раиси шаҳр иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант даъвати панҷум баргузор гардид.

 Дар ҷаласа З. Давлатзода - раиси шаҳр, Раъно Раҳимзода- сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, вакилон, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идора, раисони ҷамоатҳои деҳоту ҳоҷагиҳои деҳқонӣ ва мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант иштирок доштанд.

Дар рафти иҷлосия Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант оид ба масъалаҳои аграрӣ, озуқа ислоҳоти замин, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табии, ҳисоботи  мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант  «Дар бораи нақшаи амалии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон борои солҳои 2015-2020», Қарори Маҷлиси Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» - и шаҳр аз 25 июни соли 2019, № 79 «Дар бораи иваз намудани номи деҳаи «Тоҷикобод» ба номи «Шоҳон» шунида шуда, вакилон фикрҳои худро дар бораи қарорҳои раиси шаҳри Левакант, ки дар давраи байни иҷлосияҳои нуздаҳум ва бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант даъвати панҷум қабул гардидааст, иброз доштанд.

Дар интиҳои ҷаласа вакилон вобаста ба масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.