Хизмат ба Ватан-Ифтихори мост
2-юми сентябри соли 2019 Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001-и ҶТ ба хизмати ҳарбӣ» ба тасвиб расид. Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти ҶТ дар назди қасри фарҳанги шаҳри Левакант рӯзи даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи ҶТ баргузор шуд.
Таъмини Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонони шаҳри Левакант вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморида, ихтиёри ба комисариати ҳарбии шаҳр омаданд ва боиси ифтихор аст, ки сафи ихтиёриён ҳамасола зиёд гардида истодааст.
Дар оғози чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр З. Давлатзода ба сухан баромада, ба падару модарони даъватшавандагон барои гусели фарзандонашон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ изҳори ташаккур намуда, ба наваскарон ҳангоми адои хизмати Модар-Ватан барору комёбӣ ва муваффақиятҳо орзу намуданд.
Ҳамзамон дар чорабинӣ чун анъанаи неки ниёгон маросими нон шикании наваскарон аз дасти модаронашон сурат гирифт. Барои ҳавасмандгардонӣ туҳфаҳои омодакардаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Левакант ба даъватшавандагон тақдим карда шуд. Инчунин барномаи рангини консертии омодакардаи фарҳангиёни шаҳр бо таронаҳои ватандӯстона пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Падару модарон ва аҳолии шаҳр наваскаронро бо хушнудӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикисто гусел намуданд.