Корвони саломатӣ дар шахри Левакант тахти шиори «Саломати ганчи бебахо»!

.

Тибки чадвали тасдикгардидаи Кумитаи ичроияи ХХДТ дар шахри Левакант санаи 6 феврали соли чорӣ оид ба татбики амалии Аксияи хизби тахти унвони «Якчоя хал мекунем» дар ташкилоти ибтидои хизбии дехаи Гулистони чамоати дехоти «Гулистон» дар якчоягӣ бо маркази саломатии шахр, корвони саломатӣ, тахти шиори «Саломатӣ ганчи бебахо»!  баргузор гардид.

 

Корвони саломатӣ ройгон буда, аз тарафи табибон ва хамширагони шафкат, сокинони дехаи мазкур аз муоинаи тиббӣ гузаронида, маслихатхои муфид дода шуданд.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи ичроияи ХХДТ дар шахри Левакант Фарогат Назарова, мудири шуъбаи таблигот иттилоот ва матбуоти Кумита  Сухроб Валиев  иштирок ва суханрони намуданд.

Зимни суханрони мудири шуъбаи таблигот, иттилоот ва матбуоти Кумита Сухроб Валиев аз Паёми Сарвари давлат кайд карданд, ки соли ҷорӣ бо максади пурзӯр намудани чавобгарии маъмурӣ ва чиноятӣ барои гайриконуни ба худуди Ҷумҳурии Точикистон ворид намудан ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат ё мухлати истифодааш гузашта ё истехсол кардани онхо дар малакат, инчунин дар натичаи фаъолияти тиббӣ ба беморихои сироятӣ гирифтор шудани мизочон ба конунгузорӣ тагйирот ворид карда шуд.

Иброз доштанд,ки рохбари давлат мухтарам Эмомалӣ Рахмон дар баромадашон кайд намуданд, ки мо дар оянда низ халли масъалахои ичтимоӣ, аз чумла гамхорӣ дар хакки гуруххои осебпазири ахолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эхтиёчманд ва нафакахурону собикадоронро аз чумлаи вазифахои мухимтарини худ мешуморем.

Дар охир сокинони дехаи мазкур барои ташкил намудани чунин як амали хайр яъне ташхиси ройгон изхори каноатмандӣ намуда, шукронаи тинчию оромии Точикистони азиз тахти роҳбарии сарвари махбубамон Пешвои миллат мухтарам Эмомали Раҳмонро  иброз намуданд.