Левакант пешсафи мусобиқаи меҳнатӣ

.

Чанде пеш бо иқдоми раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода то рӯзи 16- ноябр мусобиқаи меҳнатии «60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор» эълон гардидааст. Ин мусобиқа моҳе ду маротиба ҷамъбаст гардида, ба ғолибон - ба се шаҳру ноҳияе, ки нишондиҳандаи баландро соҳиб мешаванд, дар ҳаҷми 15 ҳазор, 10 ҳазор ва 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

 Қайд намудан ба маврид аст, ки дар ҷамъбасти 15 рӯзаи аввал  шаҳри Левакант тавониста буд мавқеи сеюмро соҳиб гардад.

«Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суханронии худ аз меҳнати заркорони як қатор хоҷагиҳои пахтакори шаҳру навоҳӣ ситоиш намуда, мужда расониданд, ки рӯзи 30 сентябр шаҳри Левакант аз иҷрои 100- дарсади дурнамои ҳосили имсола ҳисобот дод.»

З. Давлатзода, аз ҷониби раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо сипоснома ва 15 ҳазор мукофотпулии даври дуюми мусобиқаи меҳнатии 15 рӯза сарфароз гардонида шуд.

Бояд гуфт, ки 28 сентябр раиси шаҳр Зарина Давлатзода, роҳбарони тамоми ташкилоту муассисаҳо барои кӯмаки деҳқонон ба ҳашарии умумии пахтачинӣ баромада буданд. 

Имсол хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр дар умум дар майдони 1010 гектар кишти пахта гузаронида, бо ҷамъоварии 2313 тонна «тиллои сафед» аз иҷрои дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта баромаданд.

Барзгарони шаҳри Левакант азм доранд, ки ҳосили боқимондаро то охири мавсим ба пуррагӣ ва беталаф ҷамъоварӣ намуда, нақшаи пешбинишударо барзиёд иҷро намоянд.