Вохӯрӣ дар ЛКСК
7 октябри соли ҷорӣ мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар якҷоягӣ бо кормандони МТТҲС дар байни донишҷӯёни ЛКСК-и шаҳр доир ба пешгирии вируси норасоии масунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/ БПНМ), муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии касалиҳои сироятӣ, нашъамандӣ, тамокукашӣ, майпарастӣ ва дигар масъалаҳо вохӯрӣ доир намуданд.
Дар охир аз тарафи масъулин баҳри пешгирии бемории ВНМО ба иштирокчиён зиёда аз 40 – варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.