Таҷлили «Рӯзи фалак» дар деҳот

.

Ҳамасола санаи 10-уми октябр бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат «Рӯзи фалак» таҷлил карда мешавад.

 Имрӯзҳо Фалак аз зумраи ганҷинаҳои бебаҳое мебошад, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии классикии халқи фарҳангпарвару санъатдӯсти мо ба ёдгор мондааст.

Бинобар ин баҳри эҳёи ин фарҳанги миллӣ санаи 10.10.19 дар ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» деҳаи Вахш бо иштироки Раиси шаҳр Давлатзода З., муовини раиси шаҳр Қурбонова Н., раиси ҷамоати   деҳоти «Ваҳдат» Султонов Ф., раиси КИ ҲХДТ Ватанзода С., ва беҳтарин фалаксароёни шаҳр маҳфили идона баргузор гардид.

Дар охир ҳунармандон бо иҷрои таронаҳои дилнишин аз фалаки даштии роѓӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.