Вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳри Левакант дар 9 моҳи соли 2019

.

12 октябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи литсейи давлатии №1-и шаҳр таҳти роҳбарии и.в раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина Дилмурод ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар 9- моҳи соли 2019 баргузор гардид.

 

Дар кори ҷаласа намояндагони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати  муовини якуми раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимӣ З., роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Х., мудири шуъбаи энергетика ва саноати вилояти Хатлон Маҳмадалиев Ш., муовини якум, муовини раис, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, Маҷлиси ҷамоатҳои деҳот, соҳибкорон, раисони кумитаҳои маҳал, собиқадорон, фаъолон ва дигар шахсони даъватшуда иштирок намуданд.

Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии хоҷагии халқи шаҳр дар 9 моҳи соли ҷорӣ муовини якуми раиси шаҳр Абдулмуминзода А., муовини раиси шаҳр курбонова Н.С. баромад намуда, дастовардҳо, мушкилот ва камбудиҳои соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сипас, аз тарафи и. в. Раиси шаҳр Давлатзода З. Д. аз рӯи натиҷаҳои иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ,  иҷрои қисми даромади буҷет, рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ масъулони дахлдори раёсати молия,  нозироти идораи андоз, бахшҳои кишоварзӣ, саноат, маориф, тандурустӣ ва масъулини дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ пурсида шуданд.

Дар фароварди маҷлис намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мудири шуъбаи энергетика ва саноат Маҳмадалиев Ш баромад намуд.