Ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти хизмат дар сафи артиши миллӣ

.

Дар асоси нақшаи кори ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидои «Гулафшон» - и шаҳр  вохӯрии судманд баргузор гардид.

 Фароғат Назарова муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант зимни вохӯрӣ оиди самтҳои асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ғайра ибрози андеша намуданд.

Сипас Суҳроб Валиев мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита ба сухан баромада оиди риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Чумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуд.

Дар охир дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон ба тозаю озода намудани гирду атрофи бино ва тоза намудани ҷӯйборҳои обгузар машғул гардида, бинои истиқоматии худро рангу бор намуданд.