Ҳадафҳои барномавии ҳизб ба хотири ҳалли мушкилоти ҷомеа аст!

.

Дар ташкилоти ибтидоии «Ганҷина» бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  шаҳри Левакант хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва маҷлиси умумии ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор  гардид.

 

Масъулини ҳизбӣ  зимнан оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосусгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда, моҳияти дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти кишварро ба иштирокдорон фаҳмониданд.

Баромади  раиси  ташкилоти ибтидои  Кодиров Ҳамза дар  давраи  ҳисоботӣ  шунида  шуда,  вакилон  ба  конференсияи  шаҳрии Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон дар  шаҳри Левакант  интихоб  ва  пешниҳод  гардиданд.

Дар иҷрои қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон ба корҳои ободонӣ машғул гардиданд.