Вохӯриҳои табибон бо хонандагон

.

Рӯзи 17.10.2019 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби табибон- табиби вогиршиноси Муассисаи давлатии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам Маҷидова Г., табиби шуъбаи вогиршиноси Ҷумахони Ш., директори  Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими  шаҳр - Акрамова С., муовини директори МТТҲС Холов С., ва директори МТМУ №14 Ашуров Н. дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 бо ханандагони синфҳои 10-11 ҷиҳати пешгирӣ аз гирифтории бемории ВНМО (СПИД) вохӯрӣ доир намуданд.

Ба иштирокчиён аз ҷониби мутахассисон оид ба тарзи гузариш, пешгирӣ аз мубталошавӣ ва аломатҳои бемории мазкур иттилоъ дода шуд. Баъдан баҳри пешгирии бемории ВНМО маркази ВНМО дар якҷоягии маркази  ташаккули тарзи ҳаёти солим ба иштирокчиён, зиёда аз 50 – варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуданд.