Паём- равшаннамои ҳар як сокини кишвар!
Дар ташкилоти ибтидоии «Дурахшон» бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва маҷлиси умумии ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Масъулин зимни суҳбат бо аҳолӣ иброз намуд, ки Паёми имсолаи Асосгӯзори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, воқеан ҳамчун равшаннамоест, ки ҳар як сокини кишваро ба меҳнати содиқона ва ба нерӯйи бузургу арзандаву ободкорона раҳнамун месозад.
Қайд намуданд, ки агар ба ҳар як кор камари ҳиммат баста, аз як гиребон сар барорем ва дар пешрафти Ватан саҳм гузорем, вазифаи фарзандии худро дар назди ватану давлат адо менамоем.
Ҳамзамон дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба Конференсияҳои ҳисоботиву интихоботӣ пешниҳод намудани номзадҳоро аз ҳисоби шахсиятҳои арзанда ба иштирокдорон фаҳмониданд.
Дар иҷрои қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон ба корҳои ободонӣ машғул гардиданд