Сокинон аз пешравиҳои кишвар руҳбаланданд!

.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ин навбат дар ташкилоти ибтидоии  «Саодат» бо раиси ташкилоти ибтидоии маҳалла хонишӣ сиёсӣ ва маҷлиси умумии ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор  гардид.

 Баромадкунандагон нахуст оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани маҷлисҳои ташкилотҳои  ибтидоии ҳизбӣ ба Конференсияҳои ҳисоботиву интихоботӣ пешниҳод намудани номзадҳоро аз ҳисоби шахсиятҳои арзанда ба иштирокдорон фаҳмониданд.

Баромади  раиси  ташкилоти ибтидои  Ҷомии Раҳмоналӣ дар  давраи  ҳисоботӣ  шунида  шуда,  вакилон  ба  конференсияи  шаҳрии Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон дар  шаҳри Левакант  интихоб  ва  пешниҳод  гардиданд.

Дар иҷрои қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон ба корҳои тоза намудани гирду атрофии бино машғул гардиданд.