ҲХДТ -ҳизби созандаву бунёдкор!
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидои ҳизбии «Нурафшон» аз боби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суҳбат доир намуданд.
Фароғат Назарова –муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр вохӯриро кушода дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷумла терроризм ва экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгири аз бемориҳои сироятӣ, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ, ба сокинон расонидани моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ кард.
Нуринисо Ибодуллоева мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумита сухан карда, дар бораи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва дар мавриди мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар мулоқот карданд, ҳарф заданд.
Ҳамзамон од ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро, ташаккули фарҳанги техникии мардум ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти онҳо, баланд бардоштани рӯҳияи ҷавонон оид ба сафи хизмати ҳарбӣ, андешаронӣ карданд.