Шӯрои ҷавондухтарони фаъоли назди бахши кор бо занон ва оила

.

Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант тибқи нақшаи кории бахш дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи  шӯрои ҷавондухтарони фаъоли назди бахши кор бо занон ва оиларо бо иштироки аъзоёни он иборат аз 51 нафар доир намуд.

 Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, омодагии ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани ҷавондухтарон мавриди таҳлил қарор гирифт.

Инчунин раиси шӯрои занон ва ҷавондухтарони бахши маориф Эшова Боғигул ба сухан баромада, дар назди ҳозирин оид ба ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот дар давраи ҳисоботӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз тарафи масъулон ба иштирокчиён маводҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм –терроризм, пешгирии зӯроварии оилавӣ  дастрас гардид.