Ҷавондухтарони шаҳр соҳиби касби дӯзандагӣ хоҳанд гашт.

.

Бино ба иттилои мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти итҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Набиева Ф., дар Маркази дастгирии бонувони шаҳр бо ташаббуси ташкилоти ғайридавлати «Тере Дес Хомес – Замини одамон» 18 нафар занону ҷавондухтарони хонанишин ба муҳлати 2 моҳ ба касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд.

 Дар ин курс онҳо тамоми нозукиҳои ҳунарҳои мардумӣ аз қабили гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва тарроҳиро аз худ менамоянд.