ИДОМАИ СОХТМОНИ СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ ДАР МУАССИАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №12

.

Бино ба иттилои Шеров Давлат, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 -и шаҳр то имрӯз деворҳои синфхонаҳои иловагӣ ба пуррагӣ бардошта шуда,  айни ҳол  кунҷҳои деворҳои бардошташударо сутунбандӣ карда истодаанд. Инчунин корҳои омодагӣ ба пӯшонидани болопӯши бино оғоз гардид. Дар ин кор заҳмати худи омӯзгорон бениҳоят калон аст. Онҳо фориғ аз дарс барои дар вақти муайян супоридани ин бинои ҷашнӣ заҳмат кашида истодаанд.