Омодагӣ ба даври вилоятии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ»...

.

Бо мақсади тайёр ва омода намудани ғолибони озмуни шаҳрии «Фурӯғи субҳи доноӣ»... ба даври вилоятӣ бо дастгирии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди бахши маорифи шаҳр ба китобхонаи вилоятии ба номи Шамсуддини Шоҳин ва китобхонаи шаҳри Бохтар ба номи Камоли Хуҷандӣ ташриф оварданд.

 Ҳар як иштирокчии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ»... дар номинатсияҳои худ китобҳои лозимаро дарёфт карда мутолиа намуданд. Хонандагон кӯшиш намуда истодаанд, ки дар давраи вилоятии озмуни зикргардида иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ  гарданд ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гиранд.