ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА ИДИ “ТИРАМОҲИ ЗАРРИН”

.

Бо мақсади ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии кӯдакон, нигоҳубин ва ҳифзи муҳити зист, ташаккули тарбияи маърифатӣ ва экологӣ дар гурӯҳҳои синусолии муассисаи таълимии томактабии №2 – и шаҳр чорабинии идона бахшида  ба иди «Тирамоҳи заррин» гузаронида шуд.

 Кӯдакони синни омодагӣ ба мактаб доир ба тирамоҳи заррин порчаҳои шеърӣ қироат намуда, дар бораи фаслҳои сол, заҳмати марди деҳқон, фасли ҳосилғундорӣ баромад намуданд.