Дарси кушоди намунавӣ оид ба татбиқи муносибат ба салоҳиятнокӣ дар синфҳои ибтидоӣ

.

Бино ба иттилои Абдуллоева Сайби -   нозири бахши маорифи шаҳр рӯзи 21. 10. 2019 дар муассисаи таҳсилои миёнаи умумии №1 -  и шаҳр дарси кушоди намунавӣ дар синфҳои 1 бо мақсади паҳн намудани таҷрибаи пешқадам ва татбиқи муносибати салоҳиятнокӣ дар таълим  гузаронида шуд.

Омӯзгорони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии шаҳр зиёда аз 23 нафар иштирок доштанд.

Мақсад аз ташкил ва гузаронидни дарсҳои кушоди намунавӣ миёни омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ омода намудани омӯзгорон ва амалӣ намудани  муносибати таълими салоҳиятнокӣ дар таълим аст.

Гузариш ба муносибати нави таълим аз омӯзгорон дониш, малака ва маҳорати касбиро талаб мекунад, аз ин лиҳоз барномаи таълимии мазкур самтҳои самараноку таҳқиқшудаи илмҳои педагогика, психология ва методикаи таълимро баррасӣ карда, омӯзгоронро бо донишҳои зарурӣ мусаллаҳ мегардонад.

Дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда ва пур аз тазодҳо шаҳрвандон бояд сифатҳои ташаббускорӣ, навоварӣ, амалигардонӣ, тағйирпазирӣ, масъулиятшиносӣ ва созандагию бунёдкориро соҳиб бошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм пайваста кӯшиш менамоянд, ки низоми таълимро ҳамқадами замон гардонда, тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонанд. Ҳамин буд, ки соли 2012 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди маориф барои солҳои 2012-2020»-ро ба тасвиб расонд. Тибқи ин ҳуҷҷат то соли 2020 стандарту барнома ва китобҳои дарсӣ бояд таҷдиди назар шуда, дар асоси таълими салоҳиятнокӣ таҳия карда шаванд.