Ободии шаҳр аз масъулияти баланди шаҳрдории мо вобаста аст!
Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии «Обшорон» дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» корҳои тозагию ободонӣ ба роҳ монда шуда, ҳамчунин дар миёни аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бо кормандони ҲХДТ дар шаҳри Левакант сӯҳбати самимӣ доир гардид.
Чуноне ки муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова қайд намуд, доир ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасон, занону духтарон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки фарзандонро дар руҳияи хештаншиносию ватандустӣ ва меҳанпарастӣ тарбия намуда, ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудан лозим аст, то ки онҳо побанди ахлоқи ақидаҳои нодурусти ба фарҳанги мо бегона побанд нашаванд ва ба ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистию ифротгароӣ шомил нашаванд. Таълиму тарбияи фарзандон, боздошти онҳо аз корҳои зишту нораво, дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандорию ватанпарастӣ ва бо ахлоқи ҳамидаю писандида тарбия намудани онҳо маҷмӯи масъалаҳое мебошанд, ки аксари онҳо дар тарбияи оилавӣ ва махсусан модару падарӣ нашъу намо меёбанд.
Инчунин қайд карданд, ки миллати тоҷик аз қадимулайём дорои фарҳангу маданияти миллии хеш буданд, ҳарчанд баъд аз пош хурдани давлати абарқудрати тоҷикон 1100 сол дигар тоҷикон давлати соҳибистиқлоли худро надоштанд ва дар зери зулму истисмори аҷнабиён зиндагонӣ мекарданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда миллати тоҷик ду рукни асосӣ, ду шоҳсутуни фарҳангии худро аз даст надод, ки ин яке забон ва дигаре ҷашнҳои миллӣ ин миллати абарқудрати куҳанбунёд буд.
Аз ҳамин сабаб месазад, ки имрӯз мо ҷавонону наврасон аз як гиребон сар бароварда сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро дастгири намуда, барои муарифи кардани ин давлату миллат ба ҷаҳони муосир саҳми арзандаи худро гузорем ва ворисони гузаштагони худ бошем.
Имрӯзҳо ҳар як сокини шаҳрро зарур аст, ки бо рафтору кирдори шоиста, бо иштироки фаъолона доштан дар тозагию озодагии муҳити зист, ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, сарсабзу хуррам гардондани кӯчаҳои масъулияти шаҳрнишинию шаҳрдории худро исбот намояд.