Масъулияти шаҳрвандӣ асосӣ пешбурди корҳои ободонист!
Бо мақсади татбиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Муовини раиси Кумита Фарогат Назарова ба сухан баромада қайд намуд, ки дар зарфи 27 соли истиқлолият ҳар чанде, ки созишномаи истиқрори сулҳ баста шуда бошад ҳам мо шоҳиди он шудем, ки буданд он нафароне, ки мехостанд сулҳу суботи кишварамонро халалдор созанд мутаасифона иғвогариву дасисабозиҳои гурӯҳҳои манфиатхоҳ ба анҷом нарасиданд. Аз ин лиҳоз ҳамаи моро зарур аст, ки ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳем, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем, фарзандонро таълиму тарбияи дуруст намоем ва дар пешрафту шукуфоии ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Мавсуф инчунин дар бораи дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба корҳои ободонию созандагӣ, рафти иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, тайёр намудани фарзандон ба ҳаёти мустақил, соҳибкасб намудани онҳо, пешгирии ҷавонон аз таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ гуфта гузашта, шаҳрвандонро ба тозаву озода нигоҳ маҳалли зист ва ҳоказо даъват намуд.
Дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ҷонибдорон ва ҳамсафони ҲХДТ дар шаҳри Левакант, мавзеи истиқоматии худро аз алафҳои бегона тозаву озода намуданд.