Пленуми собиқадорони ҷангу меҳнат баргузор гардид!
21-уми октябри соли ҷорӣ дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Пленуми Шурои собиқадорони ҷангу меҳнат баргузор гардид.
Султонов Ҳикматулло-раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр дар бораи фаъолияти имрӯзаи Шӯро ва ҳадафҳои барномавии он сухан гуфт.
Берди Валиев - собиқадори меҳнат аз соҳаи маороиф дар рафти пленум вобаста ба омодагиҳо ба ҷашни 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сухан баромада, қайд намуд, ки башарият аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-1945) аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд. Теъдоди сафарбаршуда зиёда аз 110 миллионро ташкил медод. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд.