Пешгирии бемориҳои сироятӣ аз тарафи масъулини соҳаи тандурустӣ
Дар толори муассисаҳои КАТС байни мудирони бунгоҳҳои саломатии муассисаҳои КАТС ва кормандони муассисаи томактабии №3 аз ҷониби мутахассисони МТТҲС, КАТС, солимии репродуктиви ва маркази ВНМО лексия оид ба пешгирии бемориҳои сироятии ВНМО, гепатит, сил, диабети қанд ва дилу рагҳо гузаронида шуд.
Мақсад аз баргузории чунин лексияҳо ин пеш аз ҳама пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, баланд бардоштани савияи дониши аҳолӣ нисбати бемориҳои сироятӣ мебошад, - иброз дошт директори МТТҲС Акрамова С.