Фестивал – озмуни «Мо аъзои Созмонем – Мо ҳам метавонем»

.

Бино ба иттилои Гулакова Марзия - директори муассисаи таҳсилоти иловагии назди бахши маорифи шаҳри Левакант байни  кӯдакони имконияташон маҳдуд Фестивал – озмуни «Мо аъзои Созмонем – Мо ҳам метавонем»  доир гардид.

Фестивал озмун аз рӯйи гуруҳбандии  «Расмкашӣ», «Аз пластилин омода намудани фигураҳо», «Аплекатсия», «Бофандагӣ», «Шеърхонӣ», «Варзиш» ва «Навозандагӣ» гузаронида шуд. Дар гуруҳҳо ба кӯдакони имконияташон маҳдуд аъзоёни маҳфили «Мусавварон»-и муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва аъзоёни Созмони хонандагони муассисаҳои таълимии №№2,14  ҳамкорӣ намуданд.

Аз тарафи хонандагони муассисаи таълимии №2 барномаи фарҳангӣ барои болида намудани табъи кӯдакони имконияташон маҳдуд пешниҳод карда шуд.

Мақсад аз баргузор намудани Фестивали мазкур баланд бардоштани маърифатнокии хонандагон оид ба ҳуқуқи кӯдакони имконияташон маҳдуд мебошад.

Дар фестивал – озмун намояндагони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр иштирок намуданд.