Дастгирии маъюбон

.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Левакант барои маъюбон 5 адад аробачаҳои маъюбӣ, 5 ҷуфт асобағал, 15 адад асо ва 2 адад таҷҳизоти худҳаракаткунанда ҷудо карда шуда, дастраси маъюбон гардид.

 Инчунин бо дастгирии раиси шаҳри Левакант манзили истиқоматии як оилаи камбизоати шаҳр ба пуррагӣ аз таъмир бароварда шуд.