Вохурии аъзоёни Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар муассисаи таълимии №13

.

Чи тавре ки директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и шаҳр Қуватова Гулистон иттилоъ дод, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Султонов Ҳикматулло ва як гуруҳ собиқадорони меҳнат Ф. Саидов, А. Мастов, Ибодулоева Н ва Б. Валиев дар муассиса бо хонандагони синфҳои 10 ва 11 дар вақти фориғ аз дарс вохӯрӣ доир  намуданд.

 Дар вохӯрӣ оид ба мавзӯи зарурати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 2 – и Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  суханронӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки барои пешрафти давлат ҷавонон бояд аз илмҳои нави муосир, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, донистани забонҳои хориҷӣ баҳраманд гардида, боистеъдод, ватандустӯ ватанпараст  бошанд.